Сармуҳаррир

Ҷило Гулназарзода, соли 1994 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» соли 2009 дифоъ намуд. Мавриди зикри хос аст, ки 18-уми сентябри соли 2020 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи “Семантикаи феъл дар забони адабии тоҷикӣ (Дар намунаи осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)” ҳимоя кардааст. Барои саҳмгузорӣ дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас соли 2015 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор дониста шуд. Мавсуф муаллифи китобу дастурҳои «Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (2011), «Луғати феълҳои «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2018), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5- уми МТМУ таълимашон ба забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2019), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 5-уми МТМУ таълимашон ба забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ, 2019), барномаҳои таълимӣ ва силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ мебошад. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2006-2009 котиби илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; солҳои 2008-2011 раиси Шӯрои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2012-2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; аз соли 2018 котиби илмии Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ; аз 01.10.2019 то соли 2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ.